САҲМИ АҲЛИ ФАРҲАНГ ДАР БУНЁДИ «РОҒУН» ЧИСТ?

Декабрь 9, 2009 13:12

                  Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 8 декабр дар Вазорати фарҳанги ҶТ бо мақсади дастгирии ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, бо иштироки тамоми роҳбарони раёсату шўъба ва муассисаҳои фарҳангии зертобеи вазорат маҷлиси васеъ доир гардид.                  Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ дар баромади худ қайд намуд, ки аҳли фарҳангиён метавонанд ба таври мухталиф дар ин кор саҳмгузор бошанд. Яъне, тариқи саҳнаҳои театрӣ, нашри китобу мақолаҳо ва барномаҳои консертӣ миёни мардум таблиғоту ташвиқот бояд бурд. «Роҳи дигари саҳмгузорӣ – ин харидорӣ кардани саҳмияҳо ва маблағгузорӣ кардан ба НБО «Роғун» мебошад. Ҳар нафари ғурури миллидошта бояд саҳми худро дар ин НБО гузорад, то ин ки барои фарзандони худ аз мо мероси арзанда боқӣ монад»,-тазаккур дод вазир.                   Аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин пешниҳоди вазир аз ҷониби иштирокчиён дастгирӣ ёфта, роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ изҳор доштанд, ки пас аз ба фурўш баромадани саҳмияҳо аз ҳисоби даромад ва маоши худу кормандонашон саҳмия харидорӣ мекунанд. 

Декабрь 9, 2009 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд