САҲМИЯҲОИ «РОҒУН» ТАНҲО БА ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ФУРӮХТ
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар баҳри саҳмгузорӣ дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби тамоми табақаҳои шаҳрвандон мавриди ҳамовозию дастгирӣ қарор мегирад. Аҳли кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ дар қатори мардуми некхоҳи Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки дар давоми соли 2010 ҳар моҳ якрӯза маоши хешро ба суратҳисоби НБО «Роғун» гузаронанд. Дар баробари ин, ҳар як корманди Агентӣ аз рӯи тавонаш ба маблағи накамтар аз 3 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои ин нерӯгоҳро харидорӣ хоҳад кард. Мавриди зикр аст, ки ҳар як саҳмдор баробари ба кор даромадани НБО «Роғун» ва фоидаовар шудани он метавонанд саҳмияҳои худро супурда, маблағҳояшонро бо фоидааш пас бигиранд ва ё минбаъд ҳам худ ё фарзандонашон бо тамоми ҳуқуқу масъулият саҳмдори ин нерӯгоҳ боқӣ монда, пайваста аз фоидаи он баҳравар бошанд. Гуфтанист, ки саҳмияҳои НБО «Роғун» танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон фурӯхта мешаванд, то ки ин иншооти дорои аҳамияти стратегӣ фақат моликияти давлат ва мардуми Тоҷикистон боша








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






