САҲМИЯҲОИ «РОҒУН» ТАНҲО БА ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ФУРӮХТ

Декабрь 2, 2009 15:37

                 Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар баҳри саҳмгузорӣ дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби тамоми табақаҳои шаҳрвандон мавриди ҳамовозию дастгирӣ қарор мегирад.                    Аҳли кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ дар қатори мардуми некхоҳи Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки дар давоми соли 2010 ҳар моҳ якрӯза маоши хешро ба суратҳисоби НБО «Роғун» гузаронанд. Дар баробари ин, ҳар як корманди Агентӣ аз рӯи тавонаш ба маблағи накамтар аз 3 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои ин нерӯгоҳро харидорӣ хоҳад кард.                    Мавриди зикр аст, ки ҳар як саҳмдор баробари ба кор даромадани НБО «Роғун» ва фоидаовар шудани он метавонанд саҳмияҳои худро супурда, маблағҳояшонро бо фоидааш пас бигиранд ва ё минбаъд ҳам худ ё фарзандонашон бо тамоми ҳуқуқу масъулият саҳмдори ин нерӯгоҳ боқӣ монда, пайваста аз фоидаи он баҳравар бошанд.                    Гуфтанист, ки саҳмияҳои НБО «Роғун» танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон фурӯхта мешаванд, то ки ин иншооти дорои аҳамияти стратегӣ фақат моликияти давлат ва мардуми Тоҷикистон боша

Декабрь 2, 2009 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!