САБАДИ ЛОИҲАҲОИ ИНВЕСТИТСИОНИИ ТОҶИКИСТОН ЧАНД АСТ?

Декабрь 22, 2009 14:14

                   Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — То имрӯз сабади лоиҳаҳои инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 лоиҳаро ташкил медиҳад, ки маблағи умумии он баробар ба 1,85 миллиард доллари ИМА аст. Ин нуқта имрӯз зимни баргузории ҷаласаи натиҷагирӣ аз татбиқ ва маблағгузории лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон зикр гардид.                      Аз ин 59 лоиҳа, 26 тояшро ба маблағи 188,7 миллион доллари ИМА Бонки ҷаҳонӣ ва 18 лоиҳаро ба маблағи 360 миллион доллари ИМА Бонки рушди Осиё маблағгузорӣ мекунанд.                      Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи натиҷагирӣ аз татбиқ ва маблағгузории лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон соле як маротиба доир гашта, дар он мушкилот ва камбудиҳои дар ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо ҷойдошта баррасӣ мегарданд.                      Ёдовар мешавем, ки соли 2008 дар татбиқи 2 лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе камбудиҳо ошкор шуда, масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба мувофиқа омаданд, ки дар татбиқи минбаъдаи ин лоиҳа мутахассисони назоратӣ ҷалб шуда, барои кормандони ин лоиҳа курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ ташкил карда шаванд.  

Декабрь 22, 2009 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд