САФАРИ Ҳ. ЗАРИФӢ БА МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ ҶАНУБУ ШАРҚӢ

Декабрь 7, 2009 13:29

                 Душанбе , 7декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз барои боздиди расмӣ ба баъзе мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ рафт.                   Ҳ.Зарифӣ 7 – 8 декабр аз Ҷумҳурии Сингапур, 8 ва 9 декабр аз Бруней – Доруссалом ва 8 то 12 декабр аз Ҷумҳурии Индонезия боздид ба амал хоҳад овард.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳ.Зарифӣ зимни сафар бо вазирони корҳои хориҷӣ ва мансабдорони дигари баландпояи ин мамлакатҳо мулоқотҳо анҷом медиҳад.                    Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷараёни сафар дар анҷумани дуюми демократии Бали дар Индонезия ширкат варзида, бо президенти ин мамлакат Сусило Бамбанг Юдхойоно мулоқот хоҳад кард. Зимни мулоқот ба роҳбари давлати Индонезия номаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супурда мешавад. Президенти Тоҷикистон дар номаи худ сардори давлати Индонезияро даъват менамояд, ки дар вақти дилхоҳаш ба Тоҷикистон ташриф орад.

Декабрь 7, 2009 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд