САФАРИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ БА ОСИЁИ ҶАНУБУ ШАРҚӢ
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова) — Вазири корҳои хориҷии мамлакат Ҳамрохон Зарифӣ бо сафари расмӣ ба кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ рафт. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, вазири корҳои хориҷии мамлакат аз кишварҳои Сингапур, Бруней-Доруссалом ва Индонезия дидан хоҳад кард. Дар рафти сафар Ҳ.Зарифӣ бо вазирони корҳои хориҷӣ ва шахсони расмии мамлакатҳои зиркшуда мулоқот анҷом медиҳад. Дар доираи сафари расмӣ Ҳ.Зарифӣ бо президенти Ҷумҳурии Индонезия Сусило Бамбанг Юдхойоно вохӯрда ба ӯ дархости Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба анҷом додани сафари расмии президенти Ҷумҳурии Индонезия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон месупорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






