САФИРИ ТОҶИКИСТОН МАРДУМИ ЧИНРО ТАБРИК НАМУД
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мардуми ин мамлакат, дӯстон, ҳамкасбон ва шарикони Тоҷикистонро ба муносибати иди Соли нав табрик намуд. Дар табрикномаи сафорат аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҷанобон ва хонумҳои мӯҳтарам, дӯстони арҷманди Тоҷикистон! Ҳамаи шуморо ба муносибати Соли нави 2010 самимона табрик менамоем. Соли нави 2010 аз рӯи тақвими шарқӣ соли Паланг мебошад. Мувофиқи он дар Соли нав дигаргуниҳои ғайричашмдошт ва мусбатро интизор шудан мумкин аст. Дар Соли нав истеъдодҳои нуҳуфта бедор шуда, одамон ба комёбиҳои нав ноил мегарданд. Шубҳае нест, ки муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорию равобити доманадори Тоҷикистону Чин дар соли нав бештар ривоҷ хоҳанд ёфт. Мо дар Соли нав ба ҳамаи дӯстони Тоҷикистон саломатӣ, барор кор, хушбахтӣ, рӯҳияи идона ва муваффақиятҳои беназир орзумандем».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






