САФИРИ ЁЗДАҲУМИ СУЛҲИ СММ
Ню — Йорк, 5 декабр. (АМИТ «Ховар» — 1тв.ру). — Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мутриби машҳур Стиви Уандерро ба вазифаи ифтихории Сафири сулҳи СММ таъин намуд. Дар ин бора 3 декабр зимни таҷлили Рӯзи байналхалқии маъюбон хабар дода шуд. Вазифаи асосии С.Уандер, ки кӯри модарзод мебошад, ҳамчун сафири сулҳ расондани кӯмак ба одамони маъюб аст. Муншии умумии СММ зимни нишасти матбуотӣ тақдири мутриб ва овозхони машҳурро намунаи воқеии зиндагӣ ва заҳмати ҷавонони ҷаҳон номид, ки бо вуҷуди маъюбии ҷисмашон ба комёбиҳои бузург ноил гардида метавонанд. С.Уандер то имрӯз сазовори 25 ҷоизаи озмунҳои гуногуни минтақавию байналхалқӣ гардидааст. Қартаҳои овоз ва навори сурудҳои ӯ дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон паҳн гардидаанд. С.Уандер ёздаҳумин сафири сулҳи СММ таъин гардид, қабл аз ин ҳунарпешагони машҳур Майкл Дуглас, Ҷорҷ Клуни ва адиби Бразилия Паоло Коэло сафирони сулҳ таъин шуда буданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






