САФОРАТХОНАИ БРИТАНИЯИ КАБИР ОГОҲ МЕКУНАД
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон шаҳрвандони мамлакатро огоҳ менамояд, ки ҳушёриро аз даст надода, ба ҳар гуна фиреби қаллобон дар шабакаи интернет фирефта нашаванд. Ба сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон маълум гардид, ки қаллобон ду роҳи фиреб додани одамонро ба воситаи интернет истифода мебаранд. Фиреби аввали онҳо ба билетҳои лотореяи миллии Британияи Кабир дахл дорад. Ба истифодабарандагони интернет хабар дода мешавад, ки онҳо аз бозии лотореяи миллии Британияи Кабир бурди калон кардаанд. Сафоратхонаи Британияи Кабир изҳор мекунад, ки билети лотереяи миллии Британияи кабирро бевосита дар қаламрави мамлакат харида, бурд кардан мумкин аст. Арзиши як билети лотереяи Британияи Кабир 1 фунт стерлинг мебошад ва онро дар мамлакатҳои дигар ё ба воситаи шабакаи интернет харидан ё бурд кардан мумкин нест. Қаллобон ба истифодабарандагони интернет хабар медиҳанд, ки барои нигоҳ доштани бурдашон ба суроғаи пешниҳодшуда маблағи муайян гузаронанд. Фиреби дуюми қаллобон ҳамин аст, ки онҳо ба воситаи почтаи электронӣ ба истифодабарандагони интернет хабар медиҳанд, ки ба онҳо барои иштирок дар конфронси ташкилнамудаи Шӯъбаи муҳоҷират ва шаҳрвандии Британияи Кабир дар худи Британия ва Нигерия ҷой ҷудо карда шудааст. Сафоратхона огоҳ мекунад, ки дар Британияи Кабир чунин ташкилот вуҷуд надорад. Дар мавриди ҷавоб додани истифодабарандагони интернет ба қаллобон, аз онҳо хоҳиш карда мешавад, ки барои маҳфуз доштани бурди лотерея, фармоиш додани ҳуҷраи алоҳида дар меҳмонхона ва ғайра маблағ фиристанд. Бинобар ин сафоратхонаи Британияи Кабир истифодабарандагони интернетро дар Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки ба чунин хабарҳои беасосу бардурӯғ бовар накунанд ва ба онҳо ҷавоб надиҳанд.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






