САХОВАТИ «БАРҚИ ТОҶИК»
Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Бо супориши Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои иди Соли нав, аз 31 декабри соли 2009 то 1 январи соли 2010 тамоми минтақаҳои мамлакат бе ягон маҳдудият шабу рӯз бо қувваи барқ таъмин карда мешавад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Дар робита раиси Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» Санъат Раҳимов ба роҳбарони хамаи нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон дастур дод, ки аз ҳамаи захираю имкониятҳо истифода бурда, рӯзҳои ид тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро бо қувваи барқ таъмин намоянд. Хабар дода шуд, ки мутахассисони Маркази танзими Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» имкониятҳои таъминоти қувваи барқ дар мамлакатро ҳадафи таҳқиқ қарор доданд. Маълум гардид, ки сатҳи оби обанбори НБО «Норак» айни ҳол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 метр баланд мебошад. Ин имкон медиҳад, ки мамлакат дар давраи зимистон аз рӯи тартиби маҳдудияти муқарраршуда бо қувваи барқ таъмин карда шавад. Қайд карда шуд, ки маҳдудияти таъминоти қувваи барқ ба шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо дахл надорад.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






