САХОВАТИ «БАРҚИ ТОҶИК»

Декабрь 29, 2009 14:22

                 Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Бо супориши Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои иди Соли нав, аз 31 декабри соли 2009 то 1 январи соли 2010 тамоми минтақаҳои мамлакат бе ягон маҳдудият шабу рӯз бо қувваи барқ таъмин карда мешавад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.                   Дар робита раиси Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» Санъат Раҳимов ба роҳбарони хамаи нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон дастур дод, ки аз ҳамаи захираю имкониятҳо истифода бурда, рӯзҳои ид тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро бо қувваи барқ таъмин намоянд.                  Хабар дода шуд, ки мутахассисони Маркази танзими Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» имкониятҳои таъминоти қувваи барқ дар мамлакатро ҳадафи таҳқиқ қарор доданд. Маълум гардид, ки сатҳи оби обанбори НБО «Норак» айни ҳол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 метр баланд мебошад. Ин имкон медиҳад, ки мамлакат дар давраи зимистон аз рӯи тартиби маҳдудияти муқарраршуда бо қувваи барқ таъмин карда шавад.                   Қайд карда шуд, ки маҳдудияти таъминоти қувваи барқ ба шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо дахл надорад.

Декабрь 29, 2009 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид