САМАРАИ АМАЛӢ СОХТАНИ ҚОНУН

Декабрь 4, 2009 11:49

                   Маскав, 4 декабр. (АМИТ «Ховар» — регнум.ру). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар яке аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ зимни суханронӣ дар маросими тӯйи хатнаи фарзандони оилаҳои камбизоат зикр кард, ки баъди қабули Қонун дар бораи танзими расму анъана ва маросимҳо дар мамлакат қариб 1 миллиард доллари ИМА сарфа карда шуд. Ба қавли ӯ, дар давоми дую ним соли амали қонуни мазкур ба туфайли кам кардани хароҷоти беҳуда ва барҳам додани расму оинҳои зиёдатӣ вазъи молиявии зиндагии шаҳрвандони мамлакат хеле беҳтар гардид. Аз ҷумла, ҳаҷми пасандози аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 фоиз афзуд.                   Фоидаи дигари амалӣ сохтани қонун ҳамин аст, ки солҳои охир миқдори тӯю маросимҳо ва ҷамъомадҳои гуногун хеле афзуд. Акнун ҷавонони мамлакат имконият пайдо карданд, ки ба осонӣ ва бе хароҷоти иловагӣ хонадор шаванд. Мувофиқи маълумоти омор, дар давоми нӯҳ моҳи соли равон бештар аз 95 ҳазор маъракаи тӯй баргузор гардидааст. Барои гузаронидани ин қадар маърака ҳамагӣ 260 миллион сомонӣ сарф карда шуд, ҳол он ки солҳои пеш аз қабули қонун барои гузаронидани онҳо бештар аз 640 миллион сомонӣ сарф мешуд.                     Инчунин солҳои охир зимни гузаронидани маъракаҳои гуногун миқдори куштани чорво чандин маротиба коҳиш ёфт. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, баъди қабули қонун дар миқёси ҷумҳурӣ 3 миллиарду 370 миллион сомонӣ сарфа карда шудааст, ки ин тақрибан ба як миллиард доллари ИМА баробар аст.                    Тасодуфӣ нест, ки таҷрибаи Тоҷикистонро дар бобати танзими расму оинҳои миллӣ бисёр мамлакатҳои ҳамсоя ва дуру наздик меомӯзанд, гуфт Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон.

Декабрь 4, 2009 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд