«САРПАРАСТ» БА БУНЁДИ «РОҒУН» САҲМ МЕГУЗОРАД

Декабрь 19, 2009 12:49

                 Роғун, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Тоҳирҷон Саидов). – Пешрафти соҳаи энергетика дар Тоҷикистон метавонад ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат намояд. Аз ин рӯ, бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ дар қаламрави кишвар амри воқеӣ буда, ҷонибдорӣ ва дастгирии ҳар як шаҳрванди ватандӯсту баномусро тақозо мекунад.                   16-уми декабри соли ҷорӣ роҳбарияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии хазинаи хайрияи «САРПАРАСТ» ҷиҳати ошноӣ пайдо намудан бо зисту зиндагонӣ ва дастгирии кормандони НБО «Роғун» ба шаҳри Роғун сафар карданд.                   Зимни сафар муовини раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Қурбон Восиев, раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Нодир Одилов ва раиси ташкилоти ҷамъитии хазинаи хайрияи «САРПАРАСТ» Маҳмудҷон Муродов бо раиси шаҳри Роғун Исматулло Зайдов мулоқот карда, оид ба дастгирӣ ва ҳамовозӣ аз даъватҳои Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша карданд. Зикр гардид, ки ҳар як шаҳрванди ба ору номус ва дорои ифтихори ватандорӣ бояд аз ин ташаббусҳои созандаю умумихалқӣ дар канор набошад.                  Маҳмудҷон Муродов гуфт, ки коллективи ТҶХХ «САРПАРАСТ» низ ин ташаббуси ватандӯстонаро дастгирӣ ва пуштибонӣ намуда, дар сохтмони НБО-и «Роғун» саҳми худро мегузорад. Тасмим гирифта шуд, ки дар арафаи Соли Нав ба кӯдакони ятим ва камбизоати шаҳри Роғун ва фарзандони сохтмончиёни НБО «Роғун» тӯҳфаҳои солинавӣ ирсол карда шавад. Инчунин, дар айёми ҷашни Наврӯз боз ин иқдом идома меёбад ва ба 300 кӯдакони ятим ва камбизоат тӯи сунатӣ барпо карда мешавад.                   Сипас, гурӯҳи корӣ аз сохтмони НБО-и Роғун дидан карда, бо коргарон аз наздик ҳамсӯҳбат шуданд. Дар назди коргарони НБО-и «Роғун» ансамбли «ДАРЁ»-и Кумитаи телевизион ва радио бо барномаи консертӣ хотири коргарону бунёдкорони ин иншооти муҳими асрро шод намуданд. 

Декабрь 19, 2009 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст