СЕ БАЗАИ ТАЪМИНОТИ СӮЗИШВОРӢ БА ФУРӮШ ГУЗОШТА ШУД
Душанбе,16 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузоорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корхонаи мазкур 3 базаи оид ба таъминоти сӯзишвории КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», «Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа» ва «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ба фурӯш гузошта шуд. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, қарзи кредитории иншоотҳои зикршуда беш аз 17 млн. сомонӣ мебошад. Фурӯш бо усули англисӣ сурат мегирад. Харидор ба ҳисоби фурӯшанда 5 фоизи маблағи комиссионӣ ва 0,5 фоиз боҷи давлатиро аз арзиши фурӯши иншоот месупорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






