Ш. ХАЙРУЛЛОЕВ БА ПОКИСТОН РАФТ

Декабрь 22, 2009 15:42

                  Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – 22 декабри соли ҷорӣ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковник Шералӣ Хайруллоев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон рафт.                   Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ иттилоъ доданд, дар назар аст, ки зимни ин сафар Ш. Хайруллоев бо роҳбарони боломақоми сиёсиву низомии ин кишвар мулоқот намуда, доираи васеи масоили ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ҳарбӣ, техникӣ ва сиёсиву иқтисодӣ, ҳамзамон оғози муносибатҳои навро баррасӣ намояд.                    Инчунин, дар ин сафар байни вазирони мудофиаи Тоҷикистону Покистон Шералӣ Хайруллоев ва Чоудри Ахмед Мухтар ёддошти тафоҳум ба имзо расонида мешавад.                     Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ин нахустин сафари роҳбарияти балантрутбаи низомии Тоҷикистон ба давлати Исломии Покистон мебошад.  

Декабрь 22, 2009 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд