Ш. ХАЙРУЛЛОЕВ БА ПОКИСТОН РАФТ
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – 22 декабри соли ҷорӣ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковник Шералӣ Хайруллоев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон рафт. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ иттилоъ доданд, дар назар аст, ки зимни ин сафар Ш. Хайруллоев бо роҳбарони боломақоми сиёсиву низомии ин кишвар мулоқот намуда, доираи васеи масоили ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ҳарбӣ, техникӣ ва сиёсиву иқтисодӣ, ҳамзамон оғози муносибатҳои навро баррасӣ намояд. Инчунин, дар ин сафар байни вазирони мудофиаи Тоҷикистону Покистон Шералӣ Хайруллоев ва Чоудри Ахмед Мухтар ёддошти тафоҳум ба имзо расонида мешавад. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ин нахустин сафари роҳбарияти балантрутбаи низомии Тоҷикистон ба давлати Исломии Покистон мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






