ШАҲРВАНДОНИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ ОВОЗ МЕДИҲАНД

Декабрь 21, 2009 16:34

                 Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 27 декабри соли 2009 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоботи Палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии мамлакат ва интихоботи Шӯроҳои вакилони мардумии вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳо баргузор мегардад.                   Шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар қаламрави Тоҷикистон мебошанд, ҳуқуқи конститутсионӣ доранд, ки дар интихоботҳои мазкур ширкат варзида, ба тарафдории номзадҳояшон овоз диҳанд. Бо ин мақсад дар сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе қитъаи интихоботӣ кушода шуд, ки аз соати 9 то соати 18 кор мекунад.                    Аз сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар интихобот бештар аз 50 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон иштирок хоҳанд кард. Ба ин ҳисоб донишҷӯён ва шаҳрвандоне дохил намешаванд, ки барои кор ба Тоҷикистон омадаанд.

Декабрь 21, 2009 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд