ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК»: НБО-И НОРАК БА ЗИМИСТОН ОМОДА АСТ
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – ШСХК «Барқи Тоҷик» барои иҷро кардани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010» корҳои назаррасро анҷом доданд. Барои таъмини фаъолияти мунтазами иншоотҳои энергетикӣ дар ин давра Ситоди марказии ШСХК «Барқи Тоҷик» таҳти роҳбарии С. Раҳимов созмон дода шуд. Дар он мунтазам ҳисоботи роҳбарони сохторҳои зертобеи ширкат вобаста ба ҷараёни тайёрии нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ барои таъмини кори мунтазам ва боэътимод шунида шуда, мушкилиҳои пайдошуда баррасӣ мегарданд. Дар ҳама корхонаю ташкилотҳои зертобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» ҷиҳати тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010 нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, барои барқарор кардану ба истифода додани ҳамаи иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ корҳои таъмирию барқароркунӣ бурда мешавад. Аз ҷумла, ҳамаи таҷҳизоти асосию ёрирасони НБО-и Норак мутобиқи нақшаи пешбинишуда аз таъмир гузаштанд, ки бо ин мақсад 4,79 млн. сомонӣ сарф шудааст. Инчунин, таҷҳизоти барқии баландшиддати ОРУ-220-500 кВ, трансформаторҳо, гидрогенераторҳо ва системаи барангезиши онҳо аз ташхиси техникӣ гузаштанд. Нуқсону камбудиҳои ошкоргардида дар вақташ бартараф карда шуд. Бояд қайд намуд, ки аз нав таҷҳизонидани гидроагрегати рақами 3 бо иваз намудани чархаи кории он ба охир расид. Айни замон, гидроагрегат бо иқтидори 335 МВт кор мекунад. Чархаи дуюми корӣ ба нерўгоҳ интиқол дода шуда, корҳои тайёрӣ барои азнавтаҷҳизонидани турбоагрегати навбатӣ идома доранд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






