ШУМОРАИ МАРДИКОРОНИ ХОРИҶӢ ДАР РУСИЯ КАМ МЕШАВАД

Декабрь 21, 2009 14:58

                   Маскав, 21 декабр. (АМИТ «Ховар» — нюс.ру ). — Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия меъёри қабули коргарони муҳоҷири хориҷиро барои соли 2010 муайян намуд. Ин мамлакат соли 2010 нисбат ба соли 2009 қариб 2 баробар камтар коргарони муҳоҷирро қабул хоҳад кард. Тибқи қарори қабулшуда, соли оянда дар Русия 1,94 миллион коргари муҳоҷир ба кор қабул карда мешавад.                    Бо вуҷуди ин, Хадамоти федерали муҳоҷират ба мардикорон имконият медиҳад, ки ба Русия омада, барои худ кор ёбанд. Идораи мазкур ният дорад, ки ба коргарони муҳоҷир ба мӯҳлати аз як моҳ то 1 сол барои кор дар сектори хусусӣ роҳхат диҳад. Коргарони муҳоҷир айни ҳол дар Русия танҳо баъди имзои шартномаи меҳнатӣ кор карда метавонанд. Хадамоти федералии муҳоҷират ба онҳое роҳхат медиҳад, ки барои шахсони воқеӣ кор мекунанд. Ин чунин маъно дорад, ки ҳар шаҳрванди Русия аз ҷумлаи коргарони муҳоҷир хизматгор, боғбон, мураббӣ ва ғайраро киро карда метавонад, гуфт котиби матбуоти Хадамоти федералии муҳоҷират Константин Полторанин.                    Аз рӯи маълумоти мавҷуда, айни ҳол танҳо дар Маскав як миллион коргари муҳоҷир ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунад. Аз се як ҳиссаи онҳо дар сектори хусусӣ кор мекунанд. Ҳадафи иқдоми Хадамоти федералии муҳоҷират қонунӣ гардонидани меҳнати коргарони муҳоҷир мебошад.

Декабрь 21, 2009 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд