ШУМОРАИ МАРДИКОРОНИ ХОРИҶӢ ДАР РУСИЯ КАМ МЕШАВАД
Маскав, 21 декабр. (АМИТ «Ховар» — нюс.ру ). — Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия меъёри қабули коргарони муҳоҷири хориҷиро барои соли 2010 муайян намуд. Ин мамлакат соли 2010 нисбат ба соли 2009 қариб 2 баробар камтар коргарони муҳоҷирро қабул хоҳад кард. Тибқи қарори қабулшуда, соли оянда дар Русия 1,94 миллион коргари муҳоҷир ба кор қабул карда мешавад. Бо вуҷуди ин, Хадамоти федерали муҳоҷират ба мардикорон имконият медиҳад, ки ба Русия омада, барои худ кор ёбанд. Идораи мазкур ният дорад, ки ба коргарони муҳоҷир ба мӯҳлати аз як моҳ то 1 сол барои кор дар сектори хусусӣ роҳхат диҳад. Коргарони муҳоҷир айни ҳол дар Русия танҳо баъди имзои шартномаи меҳнатӣ кор карда метавонанд. Хадамоти федералии муҳоҷират ба онҳое роҳхат медиҳад, ки барои шахсони воқеӣ кор мекунанд. Ин чунин маъно дорад, ки ҳар шаҳрванди Русия аз ҷумлаи коргарони муҳоҷир хизматгор, боғбон, мураббӣ ва ғайраро киро карда метавонад, гуфт котиби матбуоти Хадамоти федералии муҳоҷират Константин Полторанин. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, айни ҳол танҳо дар Маскав як миллион коргари муҳоҷир ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунад. Аз се як ҳиссаи онҳо дар сектори хусусӣ кор мекунанд. Ҳадафи иқдоми Хадамоти федералии муҳоҷират қонунӣ гардонидани меҳнати коргарони муҳоҷир мебошад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






