СИЁСАТИ ЗИДДИБУҲРОНИИ АВРУПОИ ШАРҚӢ ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова) — Рӯзҳои 7-8 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаато Конфронси СММ бо иштироки вазирони кишварҳои Аврупои шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Туркия оид ба сиёсати зиддибуҳронӣ дар минтақа баргузор мегардад. Конфронс бо ташаббуси сохторҳои зертобеи СММ, аз ҷумла Созмони байналмиллалии меҳнат, Бунёди кӯдакона (ЮНИСЕФ), Созмони озуқа ва кишоварзӣ (ФАО), Барномаи рушди СММ (ПРООН) ва дастгирии Ҳукумати Қазоқистон гузаронида мешавад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» намояндаи Созмони байналмиллалии меҳнат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Олга Богданова иттилоъ дод, дар ҳамоиш вазирони меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, намояндагони вазоратҳои молия ва кишоварзӣ аз мамлакатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва молиявии ҷаҳонӣ иштирок мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири молияи мамлакат Сафаралӣ Наҷмидддинов намояндагӣ мекунад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






