СМЕТАИ ХАРОҶОТИ БАРГУЗОРИИ ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ ЧАНД СОМОНӢ АСТ?

Декабрь 22, 2009 10:43

                  Душанбе, 22 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ баргузор шуд, ки дар он сметаи хароҷот барои гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 5 миллиону 443 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасдиқ гардид.                    Дар ҷаласа намуна ва шаклҳои ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, муқаррар намудани шакл ва ҳаҷми ягонаи плакати иттилоотии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.                     Зикр шуд, ки бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар тамоми ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ плакатҳои иттилоотии ҳар як номзад ба вакилӣ набояд аз ҳаҷми варақи форматаш А3 зиёд бошад. Инчунин, дар палакати иттилоотии ҳар як номзад маълумот дар бораи тарҷумаи ҳоли номзад, сурати ҳаҷмаш 9х12 ва барномаи пешазинтихоботии номзад сабт карда мешавад.                    Ҳамзамон, дар ҷаласа гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ доир ба таъмини фаъолияти нозирони хориҷӣ ташкил карда шуд.

Декабрь 22, 2009 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд