СОЛИ 2010 СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГУНОГУНРАНГИИ ҲАЁТИ ЗИНДА ЭЪЛОН ШУД

Декабрь 31, 2009 10:41

                    Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Лудмила Дубинина). — Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид қатънома қабул намуда, соли 2010 – ро Соли гуногунрангии ҳаёти зинда дар рӯи Замин эълон кард. Бо ҳамин, Созмони Милал таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба зарурати муҳофизат ва истифодаи оқилонаи табиати Сайёра, муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳди мамлакатҳо барои нигоҳ доштани низоми экологии ҷаҳон ва ҳифзи сарватҳои махсусан пурбаҳои табиат ҷалб хоҳад кард. Истифодаи аз ҳад зиёди оби тоза, масрафи калони захираҳои энергетикӣ, буридани ҷангалзор, усулҳои имрӯзаи парвариши зироат ва намудҳои дигари фаъолияти инсон ба муҳити зист таъсири харобиовар расонда, сабаби нобуд гардидани навъу намудҳои гуногуни ҳаёти зинда мегардад. Имрӯз ба бештар аз 7 ҳазор навъу намуди ҳайвонот ва қариб 60 ҳазор навъи наботот хавфи нобудшавӣ таҳдид менамояд.                    Маҷмаи кулли СММ дар робита ба ҳамаи давлатҳои аъзои созмон тавсия медиҳад, ки барои гузаронидани Соли байналмилалии гуногунрангии ҳаёти зинда аз ҷумлаи намояндагони миллатҳои таҳҷоӣ, ҷамъиятҳои маҳаллӣ кумитаҳои миллӣ ташкил намуда, ин санаи муҳим ботантана таҷлил карда шавад.                   Соли 2010 дар ҷараёни иҷлосияи 65 – уми Маҷмаи кулли СММ мулоқоти якрӯзаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо гузаронида мешавад. Зимни мулоқот масъалаи дохил кардани мавзӯи бақои гуногунрангии ҳаёти зинда ба рӯихати Ҳадафҳои рушди ҳазорсола баррасӣ карда хоҳад шуд. Танҳо котиботи СММ бахшида ба ин масъала қариб 40 чорабиниро ба нақша гирифтааст. 

Декабрь 31, 2009 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд