СОЗИШНОМА ОИД БА ОМОДА КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ АМНИЯТӢ

Декабрь 3, 2009 16:45

                  Маскав, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова) — Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иттилоъ доданд, Созишнома оид ба омода кардани мутахассиони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, сухторнишонӣ, наҷотдиҳӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҳуқуқи қонунӣ гирифт.                    Созишнома оид ба омода кардани мутахассиони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, сухторнишонӣ, наҷотдиҳӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз ҷониби сарони давлатҳои узви СААД моҳи сентябри соли 2008 дар шаҳри Маскав ба имзо расида буд.                    Омода кардани мутахассисони давлатҳои узви СААД дар мубориза алайҳи хатарҳо омили муҳими ҳамкориҳои самараноки ҷонибҳо ба шумор рафта, ба рушди ҳамкориҳои стратегӣ мусоидат мекунад. Мувофиқи ин Созишнома мутахассисони сохторҳои зикршудаи ҷумҳуриҳои Беларус, Қирғизистон ва Тоҷикистон имкон доранд дар мактабҳои олии Федератсияи Русия ба таҳсили тахассусӣ фаро гирифта шаванд.                     «Таҳсили мутахассисон ҳам ба таври ройгон ва ҳам бо пардохти маблағ ба роҳ монда мешавад. Таҳсил ба забони русӣ буда, дар сурати пардохти маблағ ҷониби Русия ӯҳдадор мешавад, ки мутахассисонро бо ҷойи хоб, хӯрок ва дигар шароитҳои барои таҳсил зарурӣ таъмин кунад. Дар сурати таҳсили ройгон ҷониби Русия танҳо барои таълим ва таҳсили мутахассисон ӯҳдадор шуда, дигар хароҷоти вобаста ба таҳсил аз ҷониби кишвари мутахассис пардохт карда мешавад», — гуфт сарчашма ба мухбири АМИТ «Ховар».

Декабрь 3, 2009 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд