СОЗИШНОМА ОИД БА ОМОДА КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ АМНИЯТӢ
Маскав, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова) — Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иттилоъ доданд, Созишнома оид ба омода кардани мутахассиони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, сухторнишонӣ, наҷотдиҳӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҳуқуқи қонунӣ гирифт. Созишнома оид ба омода кардани мутахассиони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, сухторнишонӣ, наҷотдиҳӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз ҷониби сарони давлатҳои узви СААД моҳи сентябри соли 2008 дар шаҳри Маскав ба имзо расида буд. Омода кардани мутахассисони давлатҳои узви СААД дар мубориза алайҳи хатарҳо омили муҳими ҳамкориҳои самараноки ҷонибҳо ба шумор рафта, ба рушди ҳамкориҳои стратегӣ мусоидат мекунад. Мувофиқи ин Созишнома мутахассисони сохторҳои зикршудаи ҷумҳуриҳои Беларус, Қирғизистон ва Тоҷикистон имкон доранд дар мактабҳои олии Федератсияи Русия ба таҳсили тахассусӣ фаро гирифта шаванд. «Таҳсили мутахассисон ҳам ба таври ройгон ва ҳам бо пардохти маблағ ба роҳ монда мешавад. Таҳсил ба забони русӣ буда, дар сурати пардохти маблағ ҷониби Русия ӯҳдадор мешавад, ки мутахассисонро бо ҷойи хоб, хӯрок ва дигар шароитҳои барои таҳсил зарурӣ таъмин кунад. Дар сурати таҳсили ройгон ҷониби Русия танҳо барои таълим ва таҳсили мутахассисон ӯҳдадор шуда, дигар хароҷоти вобаста ба таҳсил аз ҷониби кишвари мутахассис пардохт карда мешавад», — гуфт сарчашма ба мухбири АМИТ «Ховар».








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






