СУҲБАТИ Э. РАҲМОН БО АЛФРЕДО ЛЕОНИ

Декабрь 4, 2009 12:58

                  02-юми декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Бразилия дар Тоҷикистон Алфредо Леони эътимоднома қабул намуд.                 Дар сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири нав, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Бразилия баррасӣ шуд.                   Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки сарфи назар аз масофаи хеле дур муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Бразилия ташаккул ёфта, рӯ ба густариш доранд.                  Баҳри рушди минбаъдаи муносибатҳои судманд ба роҳ мондани робитаҳои пайваста дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ ва муҳайё намудани заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкорӣ зарур шумурда шуд.                 Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

Декабрь 4, 2009 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст