СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАЪВОИ ҲНИТ-РО РАД КАРД

Декабрь 9, 2009 09:17

                   Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 8 декабр таҳти раисии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махкам Маҳмудов дар Суди конститутсионии ҶТ парванда аз рӯи дархости Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми чоруми моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон» ва Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2009 таҳти №122 ба қисми 7 моддаи 49 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид, ки дар кори он намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар Суди Конститутсионӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар Суди конститутсионӣ, инчунин намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлияи ҶТ ва ВАО иштирок намуданд.                       Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро ҳаматарафа баррасӣ намуда, қapop кард, ки қисми чоруми моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он «агар аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон камаш як сол пеш аз катъи ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ваколаташ катъ шуда бошад, интихоботи нави аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба ҷои вакили ваколаташ катъгардида гузаронида намешавад» ва умуман моддаи 57 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қисмҳои якум ва ҳафтуми моддаи 49 Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ мутобиқ мебошад.                       Суди конститутсионӣ қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 25 майи соли 2009 низ ҳаматарафа таҳлил намуда, бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи мазкур мурофиаи судии конститутсиониро қатъ намуд. 

Декабрь 9, 2009 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид