ТӮҲФАИ ДОНИШҶУЁНИ ДСТР БА КӮДАКИСТОН
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар баробари дигар табақаҳои ҷомеа донишҷӯён низ бо азму иродаи қавӣ мекӯшанд ба ниёзмандон дасти кӯмак дароз кунанд. Бо ин мақсад, донишҷӯёни факултети таърих ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия дар арафаи Соли Нави мелодӣ ба дастпарварони кӯдакистони «Чорбоғ» зиёфати идона ташкил намуданд. Дотсенти кафедраи таърих ва назарияи журналистикаи ДСТР Шариф Муллоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ин иқдом аз ҷониби худи донишҷӯён гирифта шуда, анъанаи хубе дар байни дигар донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ хоҳад шуд. Гуфтанист, ки дар баробари зиёфати идона ба ҳар як кӯдак тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим шуда, дар фарҷом баҳри болидахотирии онҳо аз ҷониби донишҷӯён барномаи ҳунарӣ намоиш дода шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






