ТАҚДИРИ МУОҲИДАИ КИОТО ҲАЛ КАРДА МЕШАВАД

Декабрь 7, 2009 15:00

                  Копенгаген, 7 декабр. (АМИТ «Ховар» — рбк.ру). — Имрӯз дар Копенгаген конфронси панҷуми роҳбарону намояндагони мамлакатҳои аъзои СММ дар масъалаи тағйир ёфтани иқлим кушода мешавад.                   Тибқи нақша дар ин конфронс созишнома дар бораи кам кардани партовҳо ба фазо муҳокима карда хоҳад шуд. Ба ақидаи олимон партовҳои ба ҳаво хориҷшаванда дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ ҳавои сайёраро торафт гармтар месозанд.                   Ҳуҷҷати мазкур ба ивази Муоҳидаи Киото қабул карда мешавад, ки моҳи декабри соли 1997 дар Ҷопон қабул шуда буд. Муоҳида мамлакатҳои ҷаҳонро вазифадор мекард, ки то соли 2012 ҳаҷми партови сӯзишвориро ба ҳаво то ҳадди имкон кам кунанд.                     Муоҳидаи мазкур соли 2005 эътибор пайдо карда буд. Ба он 189 мамлакати ҷаҳон имзо карда буданд. Аз имзои муоҳида Чин ва Ҳиндустон даст кашиданд, ИМА баъди се соли эътибор пайдо кардани муоҳида аз иҷрои он даст кашид.                    Хабар дода мешавад, ки дар мулоқоти ҳозира роҳбарони бештар аз сад мамлакат, аз ҷумла, Русия, ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Чин, Ҳиндустон, Ҷопон ва ғайра иштирок хоҳанд кард.                    Дар созишномаи нав зикр карда мешавад, ки ҳаҷми партовҳои сӯзишворӣ ба фазо то соли 2020 аз 25 то 40 фоиз ва то мсоли 2050 то 50 фоиз кам карда шавад. Вале роҳбарону мутахассисони бисёр мамлакатҳо дар ин масъала ихтилофи назар доранд.

Декабрь 7, 2009 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд