ТАҲТИ РАЁСАТИ Э.РАҲМОН МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ҲУКУМАТИ ҶТ БАРГУЗОР ГАШТ

Декабрь 29, 2009 08:02

                28 декабри соли 2009 Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 45 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.                  Дар оғози маҷлис нахуст нақшаи кори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2010 тасдиқ ва қарор дар бораи тадбирҳои иҷрои Буҷети давлатӣ барои соли 2010 қабул карда шуд.Сипас ҳисоботи раиси вилояти Суғд оид ба истифодаи самараноки замин дар солҳои 2007, 2008 ва 10 моҳи соли 2009 шунида шуд.                   Аз ҷумла зикр гардид, ки кишоварзӣ аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт дар вилояти Суғд буда, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии маҷмўи маҳсулоти минтақавии вилоят дар соли 2008 30,4% — ро ташкил дод. Баҳри иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи пурсамар аз заминҳои корам ва рўёндани 2 ва зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ дар соли 2009 майдони кишти такрорӣ нисбат ба солҳои 2007 ва 2008 тадриҷан афзуда, ба 50 ҳазор гектар расонда шуд. ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ афзун шуд ва таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ коҳиш ёфт.                   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилояти Суғд ва вазорату идораҳои дахлдори мамлакат оид ба истифодаи босамар аз заминҳои корам, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов, хусусан заминҳои обӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии замин, пешгирӣ аз тақсими ғайриқонунии қитъаҳои замин ба аҳолӣ барои сохтмони манзил, рушди тухмипарварӣ, барқарорсозии боғоти кўҳна ва бунёди боғҳои нав, хусусан зардолубоғҳо, ҷалби сармоягузорӣ барои тармиму навсозии шабакаҳои мелиоративӣ ва доир ба дигар корҳои муҳим супоришҳои мушаххас дод.                  Дар маҷлиси ҳукумат ҳамчунин Раиси ноҳияи Файзобод оид ба рафти татбиқи нишондодҳои Барномаи давлатии рушди парандапарварӣ барои солҳои 2007 – 2015 ҳисобот дод.                   Аз ҷумла зикр гардид, ки то 1 – уми ноябри соли равон дар ноҳия 469 247 сар паранда парвариш меёбад ва шумораи зиёди он ба ҷС «Мурғи ҳилол» рост меояд. Дар ин корхона то имрўз аз 32 мурғхонаи валангоргашта 22 – тоаш пурра барқарор карда шудааст ва дар онҳо зиёда аз 276 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад. Роҳбарияти ноҳия, ҷС «Мурғи ҳилол» ва ҷС «Мурғи марҷон» нақша доранд, ки барқарорсозии мурғхонаҳои боқимондаро низ дар муддати кўтоҳ ба поён расонда, парвариши мурғи гўштӣ, мурғи модар ва чўҷабарорӣ низ дар ҳамин ҷо ба роҳ монанд, то арзиши аслии маҳсулоти паранда, аз ҷумла тухм ва гўшти он паст шавад. Тибқи нақша саршумори паранда дар ноҳия то охири соли 2010 бояд ба 750 ҳазор расонда шавад.                    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи парандапарварӣ супориш дод, ки дар зарфи як соли оянда тадбирҳо амалӣ намоянд, то бозори истеъмолӣ бо тухм ва гўшти паранда аз дохили мамлакат таъмин карда шавад.                     Барномаи истеҳсоли маҳсулоти кўдакона дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2015, Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба рўзи Ваҳдати миллӣ дар ВМКБ ва як зумра барномаю дигар санадҳо тасдиқ карда шуд.                   Ҳамчунин оиннома, сохтори идоракунӣ, тартиби ба муолилот баровардани саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳо, шаклҳои саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳои ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерўгоҳи барқии обии Роғун» тасдиқ карда шуд.                    Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ» ва ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.                  Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон дар вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия, омодагӣ ба хариди саҳмияҳои нерўгоҳи обии Роғун, истифодаи ҳадафноки маблағҳои ба сохтмони ин нерўгоҳ равонагашта, таъмини таътили зимистонаи мактаббачагон, риояи қоидаҳои зиддисўхторӣ дар рўзҳои истиқболи соли нави мелодӣ ва доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷўҳ супоришҳои мушаххас дод.                  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Декабрь 29, 2009 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид