ТАҶЛИЛИ 18 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҚАЗОҚИСТОН

Декабрь 9, 2009 09:33

                  Душанбе , 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Абӯтолиб Аҳмадов 8 декабр дар Душанбе зимни сӯҳбат бо журналистон хабар дод, ки 16 декабр 18 – солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон ботантана ҷашн гирифта мешавад.                     А.Аҳмадов дар бораи тараққиёти иҷтимоию иқтисодии мамлакаташ сухан ронда, гуфт, ки ҳаҷми Маҳсулоти умумии дохилии ҷумҳурӣ дар давоми даҳ моҳи соли 2009 – ум 22,9 миллиард доллари ИМА – ро ташкил дод. Маблағи умумиии хариду фурӯши мол дар байни Қазоқистон ва мамлакаттҳои хориҷӣ дар ин муддат ба 50 миллиард доллари ИМА расид.                  Сафир баъдан дар бораи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон сухан ронда, зикр намуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо иштироки сармояи соҳибкорони қазоқ 47 корхонаи муштарак фаъолият дорад. Қайд карда шуд, ки ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе Фонди муштараки сармоягузории Қазоқистону Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад. Маблағи ибтидоии фонди мазкур сад миллион доллари ИМА мебошад. Маблағҳои фонд барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту энергетика ва истихроҷи маъдан сарф карда мешавад.                   Дипломат зикр намуд, ки маблағи хариду фурии мол дар байни Тоҷикистону Қазоқистон соли 2008 – ум 300 миллион доллари ИМА ва то моҳи октябри соли 2009 – ум 228 миллион доллари ИМА – ро ташкил намуд. 

Декабрь 9, 2009 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд