ТАҶЛИЛИ СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР ХУҶАНД

Декабрь 21, 2009 10:25

                  Хуҷанд , 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – 19 декабр дар Қасри фарҳанги «Кохи Рӯдакӣ» — и шаҳри Хуҷанд ба муносибати 85 – солагии ташкили Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар он кормандони кумита, ветеранҳои соҳа, роҳбарияти вилоят, намояндагони сохторҳои низомию интизомӣ ва меҳмонон иштирок намуданд.                 Дар назди ҳозирон сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд полковник Давлаталӣ Ҷумъаев сухан кард.                   Вай, аз ҷумла, зикр намуд, ки кормандон ва афсарони мақомоти амнияти миллӣ дар давоми солҳои фаъолияташон дар сафи пеши муҳофизати сулҳу оромӣ ва меҳнати бунёдкоронаи мардум қарор доштанд ва доранд. Чекистҳо саолҳои ҶБВ чӣ дар фронт ва чӣ дар ақибгоҳи душман фидокорона мубориза бурданд. Онҳо зимни иҷрои вазифаи байналмилалии худ дар Афғонистони ҳамсоя шуҷоату мардонагӣ нишон доданд. Кормандони кумита дар давраи ҷанги дохилӣ ва баъди он барои барқарор сохтани сохти конститутсионӣ самарабахш мубориза бурданд. Даҳхо нафар кормандони кумита дар ин мубориза қурбон гардиданд.                   Мо ҳамеша вазифаи асосии худ — ҳимояи манфиатҳои давлат, муҳофизати асрори ҳарбию иқтисодии мамлакат ва таъмини амнияти онро сарбаландона иҷро кардем ва хоҳем кард. Таърих исбот кардааст, ки барҳам хӯрдани давлати бузурги Сомониён натиҷаи заиф гардидани сохторҳои амниятии мамлакат мебошанд, — гуфт раиси вилоят, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода. — Имрӯзҳо кормандони кумита на танҳо ба муқобили ҷосусҳо, харобкорон ва террористон мубориза мебаранд, балки дар мубориза ба муқобили қочоқи маводи нашъадор ва ришвахӯрон саҳми калон мегузоранд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷамъомад ба кормандони беҳтарин ва собиқадорони соҳа мукофотҳои хотиравӣ супорида шуданд.                    Дар фарҷоми он консерти калон намоиш дода шуд.

Декабрь 21, 2009 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд