ТАҶЛИЛИ СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР ХУҶАНД
Хуҷанд , 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – 19 декабр дар Қасри фарҳанги «Кохи Рӯдакӣ» — и шаҳри Хуҷанд ба муносибати 85 – солагии ташкили Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар он кормандони кумита, ветеранҳои соҳа, роҳбарияти вилоят, намояндагони сохторҳои низомию интизомӣ ва меҳмонон иштирок намуданд. Дар назди ҳозирон сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд полковник Давлаталӣ Ҷумъаев сухан кард. Вай, аз ҷумла, зикр намуд, ки кормандон ва афсарони мақомоти амнияти миллӣ дар давоми солҳои фаъолияташон дар сафи пеши муҳофизати сулҳу оромӣ ва меҳнати бунёдкоронаи мардум қарор доштанд ва доранд. Чекистҳо саолҳои ҶБВ чӣ дар фронт ва чӣ дар ақибгоҳи душман фидокорона мубориза бурданд. Онҳо зимни иҷрои вазифаи байналмилалии худ дар Афғонистони ҳамсоя шуҷоату мардонагӣ нишон доданд. Кормандони кумита дар давраи ҷанги дохилӣ ва баъди он барои барқарор сохтани сохти конститутсионӣ самарабахш мубориза бурданд. Даҳхо нафар кормандони кумита дар ин мубориза қурбон гардиданд. Мо ҳамеша вазифаи асосии худ — ҳимояи манфиатҳои давлат, муҳофизати асрори ҳарбию иқтисодии мамлакат ва таъмини амнияти онро сарбаландона иҷро кардем ва хоҳем кард. Таърих исбот кардааст, ки барҳам хӯрдани давлати бузурги Сомониён натиҷаи заиф гардидани сохторҳои амниятии мамлакат мебошанд, — гуфт раиси вилоят, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода. — Имрӯзҳо кормандони кумита на танҳо ба муқобили ҷосусҳо, харобкорон ва террористон мубориза мебаранд, балки дар мубориза ба муқобили қочоқи маводи нашъадор ва ришвахӯрон саҳми калон мегузоранд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷамъомад ба кормандони беҳтарин ва собиқадорони соҳа мукофотҳои хотиравӣ супорида шуданд. Дар фарҷоми он консерти калон намоиш дода шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






