ТАҶРИБАИ ДИГАРОНРО ҶИҲАТИ ТОЗАГИИ ШАҲР БОЯД ОМӮХТ

Декабрь 18, 2009 10:49

                  Тозаву озода нигоҳ доштани муҳити гирду атроф, обу ҳаво яке аз масъалаи асосии имрӯзаи ҷомеа аст. Барои ин, пеш аз ҳама ташабусскориву эҷодкорӣ мебояд ва ҳар як сокини пойтахт бояд саҳмгузор бошад.                   Тавре ки аз таҷрибаи яке аз давлатҳои пешқадами Осиё мушоҳида мегардад, ҷамъоварӣ ва коркарди партов (мусор)-ҳо боиси тозагии муҳити атроф мебошад. Барои тақвияти он аз давлати Тайван танҳо як мисол меорем.                     Тайван аз ҷиҳати тозагии экологӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад. Дар ин ҷо тез-тез борон меборад ва боду ҳавояш хеле тозаву форам аст, мардумаш низ умри тўлонӣ мебинанд. Тайван яке аз зеботарин ва сернуфузтарин ҷазираи дунёст ва зиёда аз 21 млн. аҳолӣ дорад. Шаҳри Тайпей дар тарафи шимоли Тайван ҷойгир буда, маркази калонтарини он ба ҳисоб меравад.                    Тавре аз мушоҳида бармеояд, дар ин ҷо партови зиёд ҷамъ намешавад ва тозагии муҳити гирду атроф аз мардум сахт вобаста аст. Мардумаш хеле сарфакор аст, ягон чизро беҳуда намепартояд, ҳама чиз ҷойи худро дорад. Ҷамъоварии партов якдилона ва муташакилона мегузарад. Тайваниҳо мардуми ниҳоят ташабускору боҳавсала мебошанд. Чунин муташаккилона ҷамъоварии партовҳоро ман бори аввал дар ин сарзамин мебинам, ки он хеле ҷолиби диққат буд.                      Ҳар рўз бегоҳӣ мошини махсус омада, дар назди биноҳои истиқоматӣ қарор мегирад ва истиқоматкунандагон партовҳоро дар борхалтаҳои салафании калон оварда месупоранд. Дохили борхалтаи калон аз халтаҳои алоҳида иборатанд. Тамоми халтаву халтачаҳои ҷамъшударо ба қисмҳо ҷудо карда, зарфҳои шишагину пластикӣ, коғаз, қуттиҳои коғазин ба як тараф ва дигар партовҳои салафанпеч, алоҳида ба мошин бор карда мешаванд. Мардум пасмондаи хўроквориро ба зарфҳои калони плассмасӣ холӣ мекунанд. Дар як дам ин зарфҳо пур шуда, ба таври тару тоза ба хайвоноту паррандагони боғи ҳайвонот ва дигар мағозаҳои ҳайвонот расонда мешаванд. Кормандон кори худро дар муддати 15-20 дақиқа ба анҷом мерасонанд. Агар касе муқаррароти фармудашударо риоя накунад, аз 2 то 7 ҳазор доллари тайванӣ ҷарима месупорад, ё кормандон аз он партовро қабул намекунанд. Гуфтанист, ки бо истифода аз технологияи наву замонавӣ ин поруҳо аз нав коркард мегарданд.                     Хуб мешуд, ки мардуми мо, ақаллан пасмондаи хўрок, сабзавоту меваҳоро ҷудо кунанд, то ки дар вақти муайян кормандони боғи ҳайвонот ба ҳайвону паррандагони гурусна бурда расонанд, ки ин як амали савобе ҳам мешавад. Мардум низ бо кор таъмин шуда, ҳам буйи нохуши партовҳои манзилгоҳҳои истиқоматӣ, ки дар он ҳашароти зараррасон кам нестанд ва касалиҳои сирояткунанда маҳз аз онҳо сар мезананд, аз байн мерафт ва муҳити гирду атроф, боду ҳаво тоза шуда, ҳусни шаҳр коста намегардид. Ҳар як шахси бомаърифату бомаданият метавонад ташкилотчӣ ва тарғибгари хубе бошад, то саҳми худро барои ободӣ ва тозагии муҳит бештар гузорад. Ин аст ба фикрам яке аз одоб ва маданияти шаҳрдорӣ.   Махфират Игамова, омӯзгори калони кафедраи гуманитарии ДДЧТИСМ

Декабрь 18, 2009 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд