ТАШХИСГОҲИ САНҶИШӢ

Декабрь 15, 2009 11:07

                  15 декабр, вилояти Суғд. (АМИТ "Ховар" Мирзали Амонов, Самад Юсуфӣ). — Дар ҷумҳурӣ Агентии стандартизасия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти назоратӣ кафили нигоҳдории сифати маҳсулот ҳисоб меёбад.                     Моҳи феврали соли ҷорӣ ҷаласаи якҷояи Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ва Агентии Тоҷикстандарт баргузор гардида буд ва дар бораи сохта ба истифода додани 6 адад ташхисгоҳҳои санҷиши сифати молҳои хӯрокворӣ қарор қабул шуда буд.                    Тавре ки ба мо намояндаи Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ду адад чунин ташхисгоҳ дар шаҳрҳои Истаравшану Исфара ифтитоҳ гардид.                    Ташхисгоҳ дорои утоқи қабули намунаҳо, утоқи мутахассисон ва нозири савдо, озмоишгоҳи воситаҳои ченак, утоқи физика ва кимиё, анбори нигоҳдории намунаҳо мебошад.

Декабрь 15, 2009 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд