ТАШХИСГОҲИ САНҶИШӢ
15 декабр, вилояти Суғд. (АМИТ "Ховар" Мирзали Амонов, Самад Юсуфӣ). — Дар ҷумҳурӣ Агентии стандартизасия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти назоратӣ кафили нигоҳдории сифати маҳсулот ҳисоб меёбад. Моҳи феврали соли ҷорӣ ҷаласаи якҷояи Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ва Агентии Тоҷикстандарт баргузор гардида буд ва дар бораи сохта ба истифода додани 6 адад ташхисгоҳҳои санҷиши сифати молҳои хӯрокворӣ қарор қабул шуда буд. Тавре ки ба мо намояндаи Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ду адад чунин ташхисгоҳ дар шаҳрҳои Истаравшану Исфара ифтитоҳ гардид. Ташхисгоҳ дорои утоқи қабули намунаҳо, утоқи мутахассисон ва нозири савдо, озмоишгоҳи воситаҳои ченак, утоқи физика ва кимиё, анбори нигоҳдории намунаҳо мебошад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






