ТАШКИЛИ КУМИТАИ ФАВҚУЛОДДАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУҲОҶИРОН

Декабрь 1, 2009 16:38

                  17 ноябр дар шаҳри Маскав ба истилоҳ «анҷумани ғайринавбатии» Созмони ҷамъиятии «Коргарони муҳоҷири Тоҷикистон» — и саросари Русия баргузор гардид. Анҷумани мазкур танҳо бо ташаббуси раиси Созмон Каромат Бақоевич Шарифов гузаронида шуд. Ҳадафи асосии К.Шарифов аз гузаронидани анҷуман аз Шӯрои ҳамоҳангсоз ва Комиссияи назоратию тафтишотӣ дур намудани аъзои номатлуби созмон мебошад. Гуфтан мумкин аст, ки К.Шарифов ба мақсади худ то андозае ноил гардид. Вале анҷумани таҳти раёсати К.Шарифов гузаронидаро анҷуман номидан мумкин нест ва он комилан ғайриқонунӣ мебошад. Зеро аз 42 нафар аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз, ки дар анҷумани муассисони созмон 10 ноябри соли 2007 интихоб шуда буданд ва мувофиқи Оиннома ҳуқуқ доштанд, ки ҳамчун вакил дар анҷуман иштирок намоянд, ҳамагӣ 5 – 6 нафар ҳузур доштанду халос. Қ.Шарифов ва тарафдоронаш қарор додаанд, ки вакилони дигарро «ташвиш» надиҳанд. Шӯрои ҳамоҳангсоз дар масъалаи даъвати анҷумани ғайринавбатӣ ягон маҷлис нагузаронидааст. Инчунин меъёри намояндагии шӯъбаҳои минтақавии созмон муайян карда нашудаанд. Барои интихоби вакилони анҷумани ғайринавбатӣ низ ягон ҷамъомад баргузор нагардидааст.                    Ёдовар мешавем, ки мувофиқи Оинномаи созмон, даъвати анҷуман ва муайян кардани меъёри намояндагии шӯъбаҳои минтақавии созмон ҳуқуқи дахолатнопазири Шӯрои ҳамоҳангсоз мебошад.                   Бо назардошти ҳамаи ин, инчунин кӯшишҳои сершумори К.Шарифов дар бобати намояндагии худсарона аз номи коргарони муҳоҷири Тоҷикистон ва Созмони ҷамъиятии «Коргарони муҳоҷири Тоҷикистон», дағалона ва такроран риоя накардани қонунҳои Федератсияи Русия ва Оинномаи созмон муассисони он, вакилони анҷумани нахустини муассисон, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз ва Комиссияи назоратию тафтишоти созмон бо мақсади ташкили Кумитаи фавқулоддаи ҳифзи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири Тоҷикистон аз худсариҳои К.Шарифов Гурӯҳи ташаббускор созмон доданд.                    Маҷлиси гурӯҳи ташаббускорро барои ташкили Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири Тоҷикистон аз худсариҳои К.Шарифов Роҳбари маркази дастгирии ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва раиси анҷумани муассисон Валерий Георгиевич Габисов кушод.                     Вазифаҳои асосии кумита барқарор сохтани руҳия ва мақоми анҷумани нахустини созмон, ошкор сохтани ҳамаи ҳодисаҳои риоя нашудани Оинномаи созмон, ки дар анҷумани нахустини он қабул шуда буд, ғайриқонунӣ эътироф намудани ҷамъомади 17 ноябри соли 2009 баргузоргардида, ки таҳти унвони анҷумани дуюми Созмони «Коргарони муҳоҷири Тоҷикистон» гузаронида шуд, мебошанд.                       Гурӯҳи ташаббускор низомномаи фаъолияти Кумитаи фавқулоддаи ҳифзи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири Тоҷикистонро аз худсариҳои Каромат Шарифов тасдиқ намуд. Ҳайати роҳбарикунанудаи кумита аз ҷумлаи панҷ нафар таъин гардид.                      Бо мақсади барқарор сохтани руҳия ва мақоми анҷумани нахустини созмон Мавҷигул Акобировна Ибодуллоева раиси Кумитаи фавқулодда интихоб шуд. Бояд гуфт, ки вай дар анҷумани нахустини созмон, ки 10 ноябри соли 2007 баргузор гардида буд, ба вазифаи раиси созмон номзад пешбарӣ шуда буд. Вале ӯ баъдан аз номзадии худ даст кашид. Дар натиҷа Каромат Шарифов раиси созмон интихоб шуд.                     Тибқи пешниҳоди раиси Кумитаи фавқулодда Ибодуллоева М.А. рӯзҳои наздик дар бораи фаъолияти Кумита маълумот пахш карда мешавад.                                                                              АМИТ «Ховар»

Декабрь 1, 2009 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид