ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ИННОВАТСИОНИИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ

Декабрь 15, 2009 10:58

                   Маскав, 15 декабр. (АМИТ «Ховар» — рг.ру). — 17 декабр дар шаҳри Дубна маҷлиси роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои илмии мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад. Дар он масъалаи таъсиси Маркази байналхалқии инноватсионӣ ва нанотехнологияи мамлакатҳои ИДМ муҳокима карда мешавад. Тибқи қарори қабулшуда маркази мазкур дар заминаи Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии ба номи Курчатов бо истифодаи минтақаи махсуси иқтисодӣ дар Дубна ташкил карда хоҳад шуд.                      Дар маҷлис олимону мутахассисони машҳури мамлакатҳои ИДМ, аз ҷумла, раиси Академияи миллии илмҳои Украина Борис Патон, вазири иқтисодиёти Арманистон Нерсес Еритсян, Раиси Академияи илмҳои Арманистон Радик Мартиросян, директори Пажӯҳишгоҳи физикаи ядроии Қазоқистон Одил Тулеушев, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов, саркотиби илмии Академияи илмҳои Қирғизистон Исобек Ҳошимов, директори генералии агентии инноватсионӣ ва нанотехнологияи Академияи илмҳои Молдавия Геннадий Черней, намояндагони Донишгоҳи давлатии Боку ва дигарон иштирок менамоянд.                     Ҳадафи ташкили марказ ба вуҷуд овардани воситаҳои нави ҳамкории илмию инноватсионӣ, ба бозори ҷаҳон баровардани дастовардҳои илмӣ, рушди босуръати соҳаҳои инноватсионӣ ва нанотехнологӣ дар мамлакатҳои ИДМ ва ба бозори байналхалқӣ баровардани дастовардҳои илмӣ дар ин соҳаҳо мебошад.                    Ба маркази мазкур аз тамоми мамлакатҳои Иттиҳод кадрҳои варзида ҷалб карда мешаванд.                    Айни ҳол даҳ мамлакати ИДМ изҳор намуданд, ки дар ташкили марказ саҳм мегузоранд. 

Декабрь 15, 2009 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд