ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ИННОВАТСИОНИИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ
Маскав, 15 декабр. (АМИТ «Ховар» — рг.ру). — 17 декабр дар шаҳри Дубна маҷлиси роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои илмии мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад. Дар он масъалаи таъсиси Маркази байналхалқии инноватсионӣ ва нанотехнологияи мамлакатҳои ИДМ муҳокима карда мешавад. Тибқи қарори қабулшуда маркази мазкур дар заминаи Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии ба номи Курчатов бо истифодаи минтақаи махсуси иқтисодӣ дар Дубна ташкил карда хоҳад шуд. Дар маҷлис олимону мутахассисони машҳури мамлакатҳои ИДМ, аз ҷумла, раиси Академияи миллии илмҳои Украина Борис Патон, вазири иқтисодиёти Арманистон Нерсес Еритсян, Раиси Академияи илмҳои Арманистон Радик Мартиросян, директори Пажӯҳишгоҳи физикаи ядроии Қазоқистон Одил Тулеушев, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов, саркотиби илмии Академияи илмҳои Қирғизистон Исобек Ҳошимов, директори генералии агентии инноватсионӣ ва нанотехнологияи Академияи илмҳои Молдавия Геннадий Черней, намояндагони Донишгоҳи давлатии Боку ва дигарон иштирок менамоянд. Ҳадафи ташкили марказ ба вуҷуд овардани воситаҳои нави ҳамкории илмию инноватсионӣ, ба бозори ҷаҳон баровардани дастовардҳои илмӣ, рушди босуръати соҳаҳои инноватсионӣ ва нанотехнологӣ дар мамлакатҳои ИДМ ва ба бозори байналхалқӣ баровардани дастовардҳои илмӣ дар ин соҳаҳо мебошад. Ба маркази мазкур аз тамоми мамлакатҳои Иттиҳод кадрҳои варзида ҷалб карда мешаванд. Айни ҳол даҳ мамлакати ИДМ изҳор намуданд, ки дар ташкили марказ саҳм мегузоранд.








Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






