ТЕЪДОДИ ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТӢ МУҚАРРАР ШУДАНД

Декабрь 24, 2009 16:24

                  Душанбе, 24 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо қарори иҷлосияи 20-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки 24 декабр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, Комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ташкил карда шуд.                   Дар ҳайати Комиссияи шаҳрии интихобот намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишвар -Ҳизби Халқии-Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ва намояндаи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон шомиланд.                   Ҳамчунин, дар иҷлосия ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муқаррар карда шуд, ки теъдоди онҳо 70 ададро ташкил медиҳанд.                    Бояд зикр кард, ки интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва мақомоти худидораи маҳаллии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти ҷумҳурӣ 28 феврали соли 2010 гузаронида мешавад.

Декабрь 24, 2009 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд