ТОҶИКИСТОН АЗ ӮЗБЕКИСТОН ГАЗ ХОҲАД ГИРИФТ
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих) – Ҷамъияти кушодаи саҳҳомии «Тоҷиктрансгаз» оид ба харидории гази табиӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2010 бо ҳамкорони ӯзбекистонӣ музокира мекунанд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз идораи ҶСК «Тоҷиктрансгаз» иттилоъ доданд, айни ҳол ба номи роҳбарияти ҶС «Узтрансгаз» номаи расмӣ оид ба ҳаҷм ва нархи газ ирсол шудааст. «Ҷониби Тоҷикистон ният дорад, ки соли 2010 400 миллион кубометр гази Ӯзбекистонро харидорӣ кунад. Яке аз масъалаи муҳим дар ин додугирифт муайян кардани нархи газ мебошад,- гуфт сарчашма. – Нархи газ вобаста ба нархи маҳсулоти нафтӣ дар ҷаҳон муайян карда мешавад, хамчунин дар ин маврид нархгузориҳои минтақавӣ низ амал мекунанд, ки нисбат ба нархи ҷаҳонӣ арзонтар хоҳад буд». Ҳоло ба мамлакат аз кишвари ҳамсоя дар ҳаҷми 8 ҳазор куб. газ дар як соат интиқол дода мешавад, ки 75 фоизи он барои эҳтиёҷоти Корхонаи арзиз сарф мегардад. Мувофиқи ҳисоботи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали сол ба мамлакат 188, 7 миллион кубометр газ дар ҳаҷми 45, 3 миллион доллари ИМА ворид карда шудааст, ки ин назар ба соли гузашта 53, 4 фоиз кам мебошад.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






