ТОҶИКОНИ СОКИНИ РУСИЯ МУРО&#1206ИАТНОМАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТО&#1206ИКИСТОНРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

Декабрь 23, 2009 10:37

                  Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Аз сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кормандони сафоратхона қарор додаанд, баъди ба фурӯш баровардани саҳмияҳои НБО «Роғун», онҳоро харида, инчунин барои сохтмони нерӯгоҳ маблағ ҷудо кунанд. Кормандони сафоратхона тоҷикони сокини Русия ва коргарони муҳоҷирро даъват менамоянд, ки муроҷиатномаи Сардори давлатро дастгирӣ намуда, дар сохтмони НБО «Роғун» саҳм гузоранд.                   Тибқи хабарҳои расида, рӯзҳои охир шумораи зиёди коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ба сафоратхона муроҷиат намуда, изҳор мекунанд, ки бо роҳи харидани саҳмияҳои НБО «Роғун» дар сохтмони ин иншооти бузург саҳм гузоштанианд. 

Декабрь 23, 2009 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд