ТОҶИКОНИ СОКИНИ РУСИЯ САҲМИЯҲОИ РОҒУНРО МЕХАРАНД

Декабрь 7, 2009 17:18

                   Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Котиби матбуоти намояндагии вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Дилбар Хоҷаева ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки рӯзҳои истироҳати гузашта дар шаҳри Краснодар мулоқоти раиси Иттифоқи тоҷикистониёни Русия Абдулло Давлатов, раиси Созмони ҷамъиятии мусоидат ба барқарор сохтани фарҳанги миллатҳои Осиёи Марказӣ дар вишвари Краснодар Нағзибек Нағзибеков, раисони ҷамиятҳои тоҷикони вилоятҳои Адигей ва Иркутск Муҳибхон Зарифов, Пирмаҳмад Гулов ва корманди намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Федератсияи Русия А.Фаттоев бо тоҷиконе баргузор гардид, ки айни ҳол дар кишвари Краснодар кору зиндагӣ мекунанд.                      Иштирокчиёни мулоқот ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи харидани саҳмияҳои НБО «Роғун» якдилона дастгирӣ намуданд. Кормандони намояндагии ВКД Тоҷикистон дар шаҳрҳои Новосибирск ва Қазон низ чунин мулоқотҳо ташкил намуданд. Намояндаи созмонҳои тоҷикон дар Округи федералии Сибир Раҳимбек Наботов хабар дод, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар вилояти Иркутск қарор додаанд, саҳмияҳои Роғунро ба маблағи сад ҳазор доллари ИМА харанд.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки корхонаи воҳиди давлатии «Муассисаи роҳҳои оҳани Тоҷикистон» низ тайёр аст ба маблағи 10 миллион доллари ИМА саҳмияҳои Роғунро харидорӣ кунад. Дар ин бора муовини аввали раиси корхонаи мазкур Владимир Собкалов хабар дод.                      В.Собкалов зикр намуд, ки аллакай барои сохтмони НБО «Роғун» аз ҳисоби даромади корхона як миллион сомонӣ гузаронида шуд.                     Роҳбарият ва кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Муассисаи роҳҳои оҳани Тоҷикистон» зарурати сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба хубӣ дарк менамоянд ва тайёранд дар сохтмони он то ҳадди имкон саҳм гузоранд, гуфт В.Собкалов.

Декабрь 7, 2009 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд