ТОҶИКОНИ СОКИНИ РУСИЯ САҲМИЯҲОИ РОҒУНРО МЕХАРАНД

Декабрь 25, 2009 16:40

                  Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар шаҳри Перми Федератсияи Русия таҳти унвони «Муҳоҷират ва минтақа – ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ» конфронси намояндагони созмонҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикон дар Федератсияи Русия баргузор гардид. Коршиносон ва мутахассисони соҳаи муҳоҷират дар конфронс роҷеъ ба сиёсати муҳоҷират дар замони ҳозира, ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, равонӣ ва масъалаҳои дигари муҳоҷирати коргарон, шаклу усулҳои гуногуни мусоидат ба ҳалли масъалаҳои зиндагӣ ва кори муҳоҷирон сухан ронданд.                  Раиси «Иттифоқи тоҷикистониёни Русия» Абдулло Давлатов дар конфронс дар мавзӯи «Нақш ва мақоми ҷамъиятҳои миллӣ дар сохторҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ» маърӯза кард.                   Раиси Иттифоқи тоҷикистониёни Русия Абдулло Давлатов, раиси шӯъбаи минтақавии иттифоқи мазкур дар кишвари Перм Сайфиддин Одинаев, корманди намояндагии ВКД Тоҷикистон дар вилояти Перм Саид Раҷабов дар анҷоми конфронс бо муовини директори раёсати хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия дар кишвари Перм, полковники милиса Виктор Фадеев мулоқот карданд.                     Иштирокчиёни конфронс якдилона қарор доданд, ки муроҷиати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинони мамлакат ва ҳамдиёрони хориҷӣ дар бораи идомаи сохтмони НБО «Роғун» ва харидани саҳмияҳои он якдилона дастгирӣ намуда, саҳмияҳои неругоҳро харидорӣ кунанд.                   Хабар дода мешавад, ки кормандони намояндагии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар шаҳру вилояти Маскав, шаҳрҳои Санкт – Петербург, Екатеринбург, Краснодар, Ҷумҳурии Адигей, Ҷумҳурии Тотористон, шаҳри Қазон ва шаҳри Новосибирск бо коргарони муҳоҷири тоҷик мулоқотҳо анҷом доданд. Дар ин мулоқотҳо масъалаҳои дастгирӣ намудани сохтмони НБО «Роғун» ва харидани саҳмияҳои он муҳокима карда шуданд.                     Котиби матбуоти намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Русия Дилбар Хоҷаева ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки то имрӯз дар минтақаҳои гуногуни Русия бештар аз 80 мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардиданд. Иштирокчиёни ин мулоқотҳо изҳор намуданд, ки ба ҳисоби сохтмони НБО «Роғун» ҳатман маблағ гузаронида, баъдан саҳмияҳои онро хоҳанд харид.

Декабрь 25, 2009 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд