ТОҶИКОНИ СОКИНИ РУСИЯ САҲМИЯҲОИ РОҒУНРО МЕХАРАНД
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар шаҳри Перми Федератсияи Русия таҳти унвони «Муҳоҷират ва минтақа – ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ» конфронси намояндагони созмонҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикон дар Федератсияи Русия баргузор гардид. Коршиносон ва мутахассисони соҳаи муҳоҷират дар конфронс роҷеъ ба сиёсати муҳоҷират дар замони ҳозира, ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, равонӣ ва масъалаҳои дигари муҳоҷирати коргарон, шаклу усулҳои гуногуни мусоидат ба ҳалли масъалаҳои зиндагӣ ва кори муҳоҷирон сухан ронданд. Раиси «Иттифоқи тоҷикистониёни Русия» Абдулло Давлатов дар конфронс дар мавзӯи «Нақш ва мақоми ҷамъиятҳои миллӣ дар сохторҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ» маърӯза кард. Раиси Иттифоқи тоҷикистониёни Русия Абдулло Давлатов, раиси шӯъбаи минтақавии иттифоқи мазкур дар кишвари Перм Сайфиддин Одинаев, корманди намояндагии ВКД Тоҷикистон дар вилояти Перм Саид Раҷабов дар анҷоми конфронс бо муовини директори раёсати хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия дар кишвари Перм, полковники милиса Виктор Фадеев мулоқот карданд. Иштирокчиёни конфронс якдилона қарор доданд, ки муроҷиати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинони мамлакат ва ҳамдиёрони хориҷӣ дар бораи идомаи сохтмони НБО «Роғун» ва харидани саҳмияҳои он якдилона дастгирӣ намуда, саҳмияҳои неругоҳро харидорӣ кунанд. Хабар дода мешавад, ки кормандони намояндагии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар шаҳру вилояти Маскав, шаҳрҳои Санкт – Петербург, Екатеринбург, Краснодар, Ҷумҳурии Адигей, Ҷумҳурии Тотористон, шаҳри Қазон ва шаҳри Новосибирск бо коргарони муҳоҷири тоҷик мулоқотҳо анҷом доданд. Дар ин мулоқотҳо масъалаҳои дастгирӣ намудани сохтмони НБО «Роғун» ва харидани саҳмияҳои он муҳокима карда шуданд. Котиби матбуоти намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Русия Дилбар Хоҷаева ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки то имрӯз дар минтақаҳои гуногуни Русия бештар аз 80 мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардиданд. Иштирокчиёни ин мулоқотҳо изҳор намуданд, ки ба ҳисоби сохтмони НБО «Роғун» ҳатман маблағ гузаронида, баъдан саҳмияҳои онро хоҳанд харид.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






