ВОХӮРИИ Ҳ.З АРИФӢ БО САФИРИ ЮНОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова). Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаил Спинеллис, пас аз анҷоми маросими супоридани эътиборномаи расмӣ мулоқот анҷом дод. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати матбуоти ВКХ иттилоъ доданд, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили вобаста ба ҳамкориҳои тарафайнро дар соҳаҳои гидроэнергетика, сайёҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ, таъмини амният дар кишвари Афғонистон баррасӣ намуданд. Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба вусъат додани муносибатҳои Тоҷикистону Юнон дар доираи созмонҳои байналмиллалӣ қайд карда шуд. Ҳ.Зарифӣ, аз ҷумла иброз кард, ки дар рафти ҷаласаи 17 -уми вазирони корҳои хориҷаи Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо (САҲА), ки рӯзҳои 1-2 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Афина баргузор гардид, оид ба рушди муносибатҳои дуҷониба бо сарвазир ва вазири корҳои хориҷаи Юнон Георгий Папандреу вохурӣ анҷом додаст. Сафири навтаъини Юнон дар навбати худ қайд кард, ки барои вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои миёни ду кишвар талош хоҳад кард.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






