Ғалабаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон

Январь 7, 2010 14:31

Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар раванди омодагирӣ ба бозиҳои интихобии мусобиқоти ҷаҳон дар соли 2014 — ум 18 июл бо клуби «Ал – Шоҳония» — и шаҳри Дохаи кишвари Қатар қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.Тавре сомонаи расмии Клуби футболи «Истиқлол» хабар медиҳад, тӯбҳоро ба дарвозаи дастаи ҳариф бозингарони дастаи футболи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе Юсуф Рабиев ва Иброҳим Рабимов ворид намуданд. 23 июл дастаи мунтахаби кишварамон дар раванди даври дуюми бозиҳои интихобии мусобиқоти ҷаҳон дар соли 2014 бо дастаи мунтахаби Сурия қувваозмоӣ менамояд. Бинобар номусоид будани вазъияти сиёсии Сурия бо қарори Федератсияи байналмилалии футбол ин бозӣ дар варзишгоҳи кишвари Ӯрдун сурат мегирад.

Январь 7, 2010 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд