Қ.ҚОИМДОДОВ БА ПРЕЗИДЕНТИ БЕЛОРУСИЯ ЭЪТИБОРНОМА СУПОРИД

Январь 30, 2010 11:46

Минск, 30 январ. (АМИТ «Ховар» — БЕЛТА). —  Сафири  Тоҷикистон  дар  Ҷумҳурии  Белорусия  Қозидавлат  Қоимдодов  29  январ  дар  шаҳри  Минск  ба  Президенти  ин  мамлакат  Александр  Лукашенко  эътиборнома  супорид. А.Лукашенко зимни  сӯҳбат бо  сафири  Тоҷикистон  изҳор  намуд, ки  самтҳои  стратегии   ҳамкории Тоҷикистону  Белорусия  равнақу  ривоҷи  муттасил  ва  дарозмуддати  ҳамкории  иқтисодӣ,  амалӣ  сохтани  барномаҳои  муштарак   дар  соҳаҳои  саноат,  кишоварзӣ ва  соҳаҳои  дигар  мебошад, ки  ба  ҳар  ду  кишвар  аҳамияти  калон  доранд. Президенти  Белорусия  таъкид  кард, ки  Тоҷикистон дар  доираи  созмонҳои  байналхалқию  минтақавӣ  шарики  боътимоди  Белорусия  мебошад. Қ.Қоимдодов  зикр  кард, ки  ҳамкории  тиҷоратию  иқтисодии Тоҷикистону  Белорусия  тӯли  солҳои оянда  бояд  бештар  ривоҷ  ёбад.  Аз  ҷумла,  Тоҷикистон  ният  дорад  аз  Белорусия  навъҳои  гуногуни  техникаи  кишоварзӣ  ва  мошинҳои  боркаши  БелАЗ харад. Қайд  карда шуд, ки ҳайати  тоҷирону  соҳибкорони  Белорусия  моҳи  феврал ба  Тоҷикистон ташриф  меорад. Дар  ҷараёни  сафари  ҳайати  мазкур   масъалаҳои  амалӣ  сохтани  паймонҳои бадастомада  муҳокима  карда  мешаванд.  

Январь 30, 2010 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд