Қ.ҚОИМДОДОВ БА ПРЕЗИДЕНТИ БЕЛОРУСИЯ ЭЪТИБОРНОМА СУПОРИД
Минск, 30 январ. (АМИТ «Ховар» — БЕЛТА). — Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорусия Қозидавлат Қоимдодов 29 январ дар шаҳри Минск ба Президенти ин мамлакат Александр Лукашенко эътиборнома супорид. А.Лукашенко зимни сӯҳбат бо сафири Тоҷикистон изҳор намуд, ки самтҳои стратегии ҳамкории Тоҷикистону Белорусия равнақу ривоҷи муттасил ва дарозмуддати ҳамкории иқтисодӣ, амалӣ сохтани барномаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва соҳаҳои дигар мебошад, ки ба ҳар ду кишвар аҳамияти калон доранд. Президенти Белорусия таъкид кард, ки Тоҷикистон дар доираи созмонҳои байналхалқию минтақавӣ шарики боътимоди Белорусия мебошад. Қ.Қоимдодов зикр кард, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Белорусия тӯли солҳои оянда бояд бештар ривоҷ ёбад. Аз ҷумла, Тоҷикистон ният дорад аз Белорусия навъҳои гуногуни техникаи кишоварзӣ ва мошинҳои боркаши БелАЗ харад. Қайд карда шуд, ки ҳайати тоҷирону соҳибкорони Белорусия моҳи феврал ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ҷараёни сафари ҳайати мазкур масъалаҳои амалӣ сохтани паймонҳои бадастомада муҳокима карда мешаванд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






