ҚАЛЛОБӢ ОШКОР МЕГАРДАД
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои шӯъбаи пешгирии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, раиси хоҷагии деҳқонии «Комил» — и ноҳияи А. Ҷомӣ Сафармурод Аминов бо истифода аз мақоми хизматӣ аз замини хоҷагиаш ба 19 нафар шаҳрвандони ҷамоати деҳоти «Калинин» — и ноҳия ба ивази гирифтани маблағҳои калони пулӣ ғайриқонунӣ замин ҷудо карда додааст. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, С. Аминов барои ҷудо карда додани замини наздиҳавлигӣ ба миқдори 0,7 га аз 2 нафар шаҳрвандон, ки номашон барои халалдор насохтани тафтишот оварда нашудааст 6 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст. Нисбати 17 нафари дигар бошад аз тарафи кормандони Агентӣ чораҳои ошкорсозии ҷиноятҳои содиркардаи ӯ идома доранд. Кормандони Агентӣ нисбати С. Аминов бо моддаи 247 қ 3 (қаллобӣ)- и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуданд.Тафтишот идома дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






